Муҳаммадризо Мударриси Хиёбонӣ, мудир омили киштиронии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Киштиронии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳифзи ҷойгоҳи худ дар ҷамъи ширкатҳои бартари ҷаҳонӣ, рутбаи ҳафдаҳуми бузургтарин ширкатҳои киштиронии контейнерии ҷаҳонро дар ихтиёр дорад.
Ба гузориши Порс Тудей, Мударриси Хиёбонӣ афзуд: Ин ширкат, ки ҳудӯди як даҳа аст дар миёни 20 киштиронии бузурги контейнер ҷаҳон қарор гирифта, мақоми нахуст дар миёни ширкатҳои ҳамлу нақли дарёии кишвар ва минтақаро низ ҳифз кардааст.
Вай гуфт, бо вуҷӯди таҳримҳо ва маҳдӯдиятҳо, вазъияти киштиронӣ матлӯб аст ва оморҳои ироа шуда, нишон аз рушди фаъолиятҳои ин ширкат дорад.
Мударриси Хиёбонӣ бо ишора ба фаъолияти наздик ба чаҳор ҳазор дарёнаварди эронӣ дар киштиронии Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард: Дар солҳои гузашта, садҳо нафари дарёнаварди хориҷӣ дар новгони киштиронии Эрон фаъол буданд, ки бо талоши муассисаи омӯзишии киштиронӣ, акнӯн ҳамаи дарёнавардони эронӣ ҳастанд.
Таъкид бар тавсеаи каридори Шимол - Ҷануб
Мудиромили киштиронии Эрон бо ишора ба аҳаммияти такмили роҳи оҳани Зоҳидон - Чобаҳор, устони Систон ва Балучистон, ҷануби шарқи Эрон, гуфт: Киштиронӣ омодагии комил дорад, ки ҳамлу нақли коло аз ин масирро тавсеа диҳад.
Мударриси Хиёбонӣ бо таъкид бар нақши меҳварии киштиронӣ дар таъмини иқтисоди Эрон, итминон дод, ки бо вуҷӯди ҳамаи маҳдӯдиятҳои таҳмилӣ, коркунони ин гуруҳ бо ҳиммату талоши худ, монеъ аз эҷоди вақфа дар раванди иқтисодии кишвар хоҳанд шуд.
Your Comment